Ширкату корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар Тошканд ба намоиш мегузоранд
ДУШАНБЕ, 02.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳудуди 120 ширкату корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар нахустин намоишгоҳи саноатӣ, ки 11-13 октябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон -шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба намоиш мегузоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Дилшод Мирсаидов, сардори шуъбаи фаъолияти намоишгоҳии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр кард, ки дар намоишгоҳ маҳсулоти соҳаҳои энергетика, маъдани кӯҳӣ, сайёҳӣ, фармасевтӣ, маориф, табъу нашр, саноати сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, армуғон, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд, ҳамзамон ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар матраҳ гарданд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






