ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 октябр, чоршанбе, 291-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 74 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
18 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи солгарди 90-уми таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯз, 18 октябри соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғралро ифтитоҳ намуданд.
***
2 сол қабл, 18 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуданд.
18 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Озарбойҷон.
***
Дар ИМА- рӯзи Аляска.
РӮЙДОДҲО:
18 октябри соли 2011 Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон Шартнома оид ба савдои озод дар ИДМ-ро ба имзо расониданд.
***
18 октябри соли 1922 Иттиҳодияи радиошунавонии британиягӣ- «ВВС» таъсис ёфт.
***
49 сол муқаддам, 18 октябри соли 1968 дар Бозиҳои олимпӣ дар Мехико аз ҷониби Боб Бимон оид ба ҷаҳидан ба дарозии 8,90 м рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд.
***
18 октябри соли 2007 дар Покистон бузургтарин таркиш дар таърихи ин кишвар ба амал омад: мошинҳои ҳамроҳикунандаи Беназир Бҳутто тарконида шуданд, ки бар асари он беш аз 130 нафар қурбон гардид.
***
Дар ин рӯз, 18 октябри соли 1867 Аляска аз Россия ба ИМА гузашт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1906 дар Россия қарор дар бораи баробарии деҳқонон бо дигар қишрҳои ҷомеа бароварда шуд, ки акнун онҳо ҳуқуқ ба интихоби озодонаи макони зисти худро пайдо намуданд. Ҳамчунин нисбат ба онҳо раво дидани ҷазоҳои ҷисмонӣ аз рӯйи ҳукми судҳо манъ карда шуд.
***
Соли 1991 охирин ҷаласаи Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.








Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд






