ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 6 октябр, ҷумъа, 279-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 86 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 6, 2017 08:41

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

 

6 октябри соли 2015 дар Сочии Федератсияи Россия мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯз, 6 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмайро ба ҳузур пазируфта буданд.

***

15 сол қабл, 6 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе форуми байналхалқии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотима вобаста ба он Эъломия қабул шуда буд.

6 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Туркманистон рӯзи гиромидошт.

***

Дар Миср рӯзи артиш.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ханда (лабханд).

РӮЙДОДҲО:

6 октябри соли 1920 Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ташкил ёфтааст.

***

85 сол муқаддам, 6 октябри соли 1932 фабрикаи шоҳибофии Душанбе, ҳоло комбинати шоҳибофӣ ба кор оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 дар Беларус Ҳафтаи адабиёти тоҷикон кушода шуд.

***

69 сол муқаддам, 6 октябри соли 1948 дар Ашқобод заминҷунбӣ бо шиддати 9 балл рух дода буд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1866 дар таърихи ИМА бори аввал дуздӣ дар қатора сурат гирифтааст, ки дар он бародарон Рено беш аз 10 ҳазор долларро рабуда  буданд.

 

Октябрь 6, 2017 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, сешанбе, 34-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 феврал, душанбе, 33-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, якшанбе, 32-юмин рӯзи соли 2026 аст