Забони модарӣ-пайванди ҷонам. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Рӯзи забони давлатиро таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста — оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муоширати байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳои ин пешрафти муҳим, пеш аз ҳама, бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардиданд. Ин суханонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод зимни ҷамъомади тантанавӣ, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд, иброз намуд.
Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён доир ба паҳлӯҳои таърихию илмии асари арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -«Забони миллат – ҳастии миллат» ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки асари мазкур на танҳо барои тоҷикон, балки тамоми форсизабонони дунё хизмати бузург хоҳад кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод низ дар бораи мақому мартабаи забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ва тоза нигаҳ доштани он андешаҳояшонро баён намуда, ашъори тозаэҷодашонро дар васфи забони модарию Ватан ва ҷавонон пешкаши ҳозирин намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






