Дар Душанбе куллиёти ҳафтҷилдаи осори Абулқосим Лоҳутӣ ба табъ мерасад
ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати бузургдошти 130-солагии устод Абулқосим Лоҳутӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри академии куллиёти ҳафтҷилдаи осори адиб ба табъ мерасад.
Тавре аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, куллиётро кормандони илмии ин ниҳод омода намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷилдҳои аввали асар дар рӯзҳои ҷашни шоири бузург дастраси хонандагон гардиданд. Ҷилди охири он аз хотираҳо, ёддоштҳо ва шеъру мақолаҳои шоирону нависандагон ва муҳаққиқон бахшида ба шахсият, рӯзгор ва осори адиби маҳбуб мураттаб гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷашни 130-солагии шоири маҳбуб ва ходими сиёсӣ Абулқосим Лоҳутӣ 4 декабр, дар рӯзи таваллуди шоир дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуда буд.








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






