Дар ноҳияи Дарвоз барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд Маркази тавонбахшӣ ифтитоҳ гардид

Декабрь 13, 2017 12:03

ХОРУҒ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии созмонҳои Иттиҳоди Аврупо ва Миссияи Шарқ яке аз биноҳои бекормонда дар маркази ноҳияи Дарвоз таъмир карда шуда, дар ихтиёри кӯдакони имконияташон маҳдуд гузошта шуд. Намояндаи созмони Миссияи Шарқ Худоназар Ҳоҷимамадов гуфт, ки «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як биноро барои Маркази тавонбахшӣ ҷудо кард ва он бо харҷи беш аз 10 ҳазор сомонӣ таъмир гардид. Маркази мазкур бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин карда шуд. Ин нахустин Маркази тавонбахшӣ дар ин ноҳия ба шумор рафта, дар он беш аз 100 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунанд. Дар  деҳаи Сангевни ҳамин ноҳия барои волидоне, ки кӯдаконашон имконияти маҳдуд доранд, гӯшаи волидон таъсис дода шуд. Дар оянда  чунин гӯшаҳо дар дигар  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ таъсис хоҳанд ёфт».

Раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонзода ҳангоми ифтитоҳи маркази мазкур гуфт, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд набояд дар ҷомеа худро заифу танҳо эҳсос кунанд.

Дар ин марказ барои кӯдакон ҳамаи шароит омода шудааст. Дар баробари баланд бардоштани ҳунару  истеъдоди худ ҳамчунин кӯдакон ба табобат фаро гирифта мешаванд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои боло бурдани сатҳи таълим ва табобати ин кӯдакон минбаъд низ ҳамкории худро бо ин марказ идома медиҳад.

Декабрь 13, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад