Дар шаҳри Исломобод ҷаласаи 8-уми Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷаласаи 4-уми зеркумитаи коршиносони соҳаи гумрук ва ҷаласаи 8-уми Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук баргузор гардид.
Ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаҳои мазкур муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода иштирок намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи 4-уми зеркумитаи коршиносони соҳаи гумрук ва ҷаласаи 8-уми Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук як зумра масъалаҳо, аз ҷумла, дастовардҳои охирини ҳамроҳшавии Созишномаи гумрукӣ бо номи «Созишнома дар бораи таъсиси махзани функсионалии маълумоти СҲИ оид ба қочоқ ва фаъолияти ҳифзиҳуқуқӣ», мавқеи лоиҳаи Созишнома оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои СҲИ, ташаббусҳои СҲИ, фаъолият ва нақшаҳо барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ байни кишварҳои аъзои СҲИ, пешниҳоди мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ байни кишварҳои аъзои СҲИ, азнавкунии маълумоти кишварҳои узви СҲИ дар барномаҳои операторҳои ваколатдори иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






