Лоиҳаи «Дастгирии техникӣ барои коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид

Декабрь 25, 2017 16:44

ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  маросим бахшида ба анҷоми лоиҳаи сесолаи «Дастгирии техникӣ барои коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар маросими мазкур    Мудири Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) Кэтрин Кроуфорд, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, шахсони масъули ва намояндагони кишварҳои кумакрасон иштирок намуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ   Раҳматуллоев  иттилоъ дод, ин лоиҳа аз тарафи USAID маблағгузорӣ карда шуд ва   Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо (GAIN) онро амалӣ намуд.

Ба иттилои Ш.Раҳматуллоев, аз оғози лоиҳа дар соли 2015, аз тарафи гурӯҳи корӣ як зумра талошҳо баҳри коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ва беҳтар кардани  саломатӣ ва ғизогирӣ равона шуданд.  Тоҷикистон дорои нишондиҳандаҳои баланди нокифоягии микроэлементҳо аст, ки ба бадшавии вазъи саломатӣ оварда мерасонад ва боиси нуқсонҳои модарзодӣ мегардад. Аммо ба миқёси васеъ ғанӣ гардонидани маҳсулоти озуқаворӣ  ва илова кардани витаминҳою минералҳои муҳим ба маҳсулоти озуқавории умда, монанди орди гандум ва намак  як роҳи собитшуда ва сарфакоронаи ҳалли ин мушкилот мебошад.

Тавре аз намояндагии ЮСАИД дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар се соли охир дар доираи лоиҳа ба шарикони маҳаллӣ дар таҳияи барномаи миллӣ оид ба ғанисозии орди гандум бо витаминҳо ва минералҳои зарурӣ кумак расонида шуд ва Тоҷикистон як қатор марҳилаҳои муҳимро дар ин самт сипарӣ намуд. Аз ҷумла, эҷоди системаи миллии муносиб барои ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, таҳияи қонунгузорӣ оид ба ғанигардонии орди гандум, баҳодиҳӣ ва тадқиқот бо мақсади бунёд намудани махзани дониш оид ба ғанисозии маҳсулоти хўрокворӣ, тақдим намудани таҷҳизоти таълимию лабораторӣ барои ниҳодҳои танзимкунанда ва таъсиси аввалин он-лайн феҳристи миллӣ оид ба нуқсонҳои модарзодӣ бо мақсади  пайгирӣ намудани таъсири иловаҳои ғизоӣ ба саломатии аҳолӣ. Дар маҷмӯъ, ин чорабиниҳо барои беҳтар кардани вазъи саломатӣ ва ғизогирии аҳолӣ пойдевори асосӣ гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳа шароитро барои он фароҳам овард, ки қариб 20 корхонаи истеҳсоли орд бо ғанигардонии орди гандум машғул шаванд, доир ба назорати сифат ва риояи талабот 50 нафар кормандони ниҳодҳои танзимкунанда омӯзонда шуданд ва 150 нафар мутахассисони омори тиббӣ доир ба дуруст омода ва пешниҳод намудани ҳисобот барои  феҳристи миллӣ оид ба нуқсонҳои модарзодӣ таълим гирифтанд. Лоиҳа инчунин бо бахши соҳибкорию маориф ва инчунин воситаҳои ахбори омма ҳамкориро ба роҳ монда буд.

Бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи «Дастгирии техникӣ барои коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон» аз ҷумлаи лоиҳаҳои сершумори мададрасон мебошад, ки амалисозии он бо кумаки мардуми Амрико тавассути USAID ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имконпазир гардид. Дар давоми 25 соли охир Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон  беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА-ро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.

Декабрь 25, 2017 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад