Маркази таълимии «Ҳалқаёр»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Декабрь 12, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Маркази таълимии «Ҳалқаёр»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ шуда, дар маросими тантанавӣ биною иншооти нави замонавӣ ва бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз ба истифода дода шуданд.

Дар ин бора сардори маркази  матбуоти  Қӯшунҳои  сарҳадии КДАМ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар  маросими тантанавии ифтитоҳи  он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфиддинзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев,  раиси КДАМ ҶТ генерал-полковник Саймумин Ятимов, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Вазири мудофиаи ҶТ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо,  намояндагони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Гвардияи миллӣ, ВКД, командирони ҷузъу томҳо ва ҳайати шахсии отрядҳои сарҳадӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Иштирокдорон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин маркази таълимиро аз ҷумлаи тадбирҳое арзёбӣ карданд, ки маҳз дар  доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шудааст.

Дар Маркази таълимии мазкур як зумра биною иншоот, аз қабили «Кохи  садоқат» иборат аз 400 ҷойи нишаст, осорхона ва китобхона, хобгоҳҳо барои афсарону сарбозон, биноҳои таълимӣ,  хонаҳои хизмати сарҳадӣ, фароғатӣ ва иттилоотӣ, ҳаммом, ошхона, анбори захираҳои маҳсулот, мошинсарой, майдончаҳои варзишӣ, муҳандисӣ ва сафороӣ пурра навсозӣ гардида, ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд.

Осорхонаи он аз чанд гӯшаи таърихӣ ва нигораҳо   иборат буда, тамошобин имконият дорад, ки марҳила ба марҳила бо фаъолияти 23-солаи сарҳадчиён шинос шавад.

Дар рафҳои китобхона садҳо китобҳо аз ашъори шоирону нависандагони ватандӯст ва дигар олимону таърихнигорон ҷойгир карда шудаанд, ки бевосита дар таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ нақши муассир мегузоранд.

Ҳамзамон аз масофаи 600 метр хати оби нӯшокӣ кашида шуда, инчунин барои истироҳату фароғати сарбозону афсарон дар ҳудуди ин марказ айвонҳои ҳозиразамон низ сохта шудаанд.

Биноҳои таълимии навбунёд аз 16 синфхона ва толорҳои бозомӯзию такмили маҳорати низомӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосиру электронии ҳарбӣ-таълимӣ таъмин мебошанд.

Дар ин ҷо аз рӯи 16 ихтисос мутахассисони хурди низомӣ омода гардида, сарбозон ба таълиму бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Ин марказ барои бевосита гузаронидани машқҳои таълимии низомӣ ва бозомӯзӣ бо истифода аз амалиёти электронӣ ниҳоят мувофиқ аст.

Маркази таълимии «Ҳалқаёр» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, аз қабили минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шудаанд ва барои идома додани хизмат ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сафарбар гардидаанд.

Худи ҳамон рӯз дар машқгоҳи саҳроии ин марказ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои гуногуни аслиҳаву тӯб, чархболҳои ҳарбӣ ва дигар лавозимоти муосири ҷангӣ, ки асосан ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ истифода мешаванд, амалиёти шартии муҳосира ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ сурат гирифт.

Амалиёти нобуд кардани қувваи асосии душман ва барқарор намудани низоми сарҳади давлатӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ анҷом дода шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марз аз тадбирҳои муҳим ва асосие мебошанд, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ҳамчунин дар ҷамъомади мазкур як гурӯҳ афсарон ва сарбозони фаъол барои хизмати содиқона ба Ватан ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ифтирхономаҳо, нишонаҳои сарисинагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки сохтмони биноҳо ва навсозии пурра бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо маблағи қариб 3 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Декабрь 12, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид