Озмуни «Мақолаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2917 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни «Мақолаи беҳтарини сол», ки бо мақсади тарғибу ташвиқ, инъикос ва дарки моҳияти аслии Ваҳдати миллӣ, Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тариқи нашрияи «Мароми пойтахт» эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Дар натиҷа ғолибони ҷойҳои якум устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ва номзади илмҳои филология Ҳақназар Каримзода, ҷойҳои дуюм- нависанда Абдуғаффор Абдуҷабборов ва устоди Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Шарифов ва ғолибони ҷойҳои сеюм- нависанда Маҷид Салим, рӯзноманигор Ҳотами Ҳомид ва корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ тибқи иттилои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба унвони озмуни зикршуда беш аз 30 мақола пешниҳод гардида буд, ки аз ин шумора 7 мақолаи чопшуда дар нашрияи «Мароми пойтахт» ба ҷойҳои ифтихорӣ лоиқ дониста шуданд.








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






