«Шикастнопазир»-филми коргардони тоҷик, ки дар «Голливуд» таҳия шудааст

Декабрь 15, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 15.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Пеш аз ҳама, хушбахт аз он мебошам, ки тоҷикам. Бо боварӣ мегӯям, ки маҳз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо, ҷавонон имкон фароҳам овард, то ба таҳияи филмҳои сатҳи ҷаҳонӣ шурӯъ кунем». Ин матлабро муаллифи филми «Шикастнопазир» Ҷайҳун Насимӣ пеш аз оғози намоиш дар толори «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма баён дошт.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кинои тоҷик рушду нумӯъ ёфта истодааст. Далели ин гуфта ба навор гирифта шудани филми кинематографи ватандӯсту соҳибзавқи тоҷик Ҷайҳун Насимӣ дар «Голливуд»- и ИМА мебошад. Чанде пеш филми мазкур бо номи «Шикастнопазир» пешниҳоди дӯстдорони кинои ҷаҳон гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷайҳун Насимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуд, ки ба неруи созандаи ҷавонон эътимоди зиёд доранд. «Ҳамзамон боиси рӯҳбаландии ҷавонон аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи кинои тоҷик диққати ҳамешагӣ медиҳад»,-гуфт муаллифи филм.

Филми «Шикастнопазир» дар бораи ду бародари дугоник нақл мекунад. Мувофиқи сужаи филм, бародарон дар ҷанги шаҳрвандӣ аз якдигар ҷудо мешаванд ва яке ба Амрико мераваду дигарӣ ба Афғонистон раҳсипор шуда, ҷангҷӯи «Толибон» мегардад…

Филми «Шикастнопазир» дар таҳияи коргардонҳо Ҷош Хоҷинс, Ҷо Данте, филмбардор-таҳиягар Крис Бонд, продюссерон Ҷайҳун Насимӣ ва Сироҷиддин Мирзоев рӯи навор омадааст.

Бояд гуфт, ки дар филм ду нафар ситораи машҳури Голливуд- Ҷеймс Хонг ва Эндрю Маккой нақш офаридаанд. Муаллифи филм Ҷайҳун Насимӣ иттилоъ дод, ки филмро як ҷавони ватандӯсти тоҷик Сироҷиддин Мирзоев сармоягузорӣ кардааст.

Боварӣ дорем, ки филми «Шикастнопазир» аз ҷониби  дӯстдорони филмҳои ватанӣ пазироии гарм ёфта, ба кори муаллиф ва таҳиягарони он баҳои ҳаққонӣ дода мешавад.

 

Декабрь 15, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст