Таҳлили ҷанбаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат дар Паёми имсолаи Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегиест, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар дар он мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои рушди устувори кишвар, роҳҳо ва усулҳои амалишавии онҳо бо далелу рақамҳои оморӣ хеле хуб пешниҳод гардидааст. Махсусан вазъи мураккаби раванди бартариҷӯи, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳилаи нави «ҷанги сард» ҳар як сокини кишврамонро ба он водор месозад, ки барои ноил шудан ба вазъи зиндагии сифатан нави аҳолии кишвар камари ҳиммат баста, барои корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошем.
Таҳлили рақамҳои оморие, ки дар Паём барои рушди иқтисодиёти миллии кишвар оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди мамлакат ҳисси баланди ифтихору масъулиятшиносиро ҷой медиҳад. Махсусан зарурати баландбардории сифати неруи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва сифату зиндагии шоистаи мардум тавассути татбиқи чорабиниҳои дастаҷамона дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ: соҳаи саноат, аз ҷумла, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ, шуғли пурраи аҳолӣ, рушди соҳибкориро таҳлили амиқ намуда, таъкидҳои муфид пешниҳод намуданд.
Иҷрои ин масъалаҳо барои тамоми мақомоти идораи давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ муфассал асоснок карда шуда, дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ оид ба ташкили ҷойҳои кори иловагӣ, ворид намудани технологияи муосир, дастгирии соҳибкории истеҳсолии ватанӣ ва корхонаҳои муштарак дар самти гузариш аз иқтисодиёти аграрӣ ба иқтисодиёти индустралӣ-инноватсионӣ таъкид карда шудааст. Ин раванд аз як тараф хатари касодшавии техникӣ-технологии соҳаҳои иқтисоди миллиро пешгирӣ карда, аз ҷониби дигар, ба таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар Паём махсус таъкид гардид, ки кишвари мо барои рушди соҳаи туризм, махсусан туризми экологӣ, сохтумони иншооти табобатию санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ, корхонаҳои тандурустӣ имкониятҳои васъе дорад. Аз ҷониби дигар, мавҷуд будани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, либосҳои миллӣ, иқтидори табиӣ-иқтисодӣ, сайёҳию кӯҳнавардӣ имкониятҳои васеи ҷалби сармоягузориро ба иқтисодиёти кишвар афзун менамояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии татбиқи иқтисодиёти сабз ба ҳисоб меравад ва амалӣ гаштани татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза созгор буда, барои истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои замину об дар ҷумҳурӣ саҳми бузург мебозад. Барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани ин мақсадҳо Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди соҳаи туризм ва сайёҳӣ эълон намуданд.
Ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди Ҳукумати мамлакат истодаанд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои рақобати озод, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои инсониро тақозо менамоянд. Дар радифи ин гуфтаҳо аз ҷониби Пешвои миллат вазъи соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар таҳлил карда шуда, зикр шуд, ки соли 2017 нишондиҳандаҳои макроиқтисоодӣ дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тайи даҳ соли охир ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 11,2 маротиба афзоиш ёфта, соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва соли 2017 ба 19,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки он 35,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Солҳои охир иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ новобаста аз хусусияти иҷтимоӣ доштан характери мусбат, яъне маблағгузории рушди иқтисодии воқеъӣ ва сармоягузории асосиро касб намуд, ки дар панҷ соли охир маблағгузорӣ бо ин мақсад зиёда аз 25%-и ҳаҷми умумии буҷети давлатиро ташкил намудааст. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти миллӣ ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ, аз моҳи сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд гардида, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин раванд барои рушди соҳаи иҷтимоии кишвар бисёр муҳиманд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо ташаббуси ҳукумати кишвар низоми идоракунии устувори молияи давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст. Амалкарди дурусти он метавонад ба тақсим ва азнавтақсимкунии маблағҳои буҷетӣ мусоидат намуда, самаранокии фаъолияти мақомоти давлатиро беҳтар намуда, назорати истифодаи шаффофи молияи давлатӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавиро таъмин намояд. Барои боз ҳам такмил додани низоми самаранокии истифодаи захираҳои молиявию қарзӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо зарурати танзими идораи давлатии низоми молиявии кишвар, тақвият бахшидани корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда зарур мебошад.
Бо мақсади боз ҳам содда, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки оид ба такмилдиҳии низоми андоз ва андозситонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои маъмурикунонии он корро пурзӯр намоянд. Махсусан озод намудани фаъолияти соҳибкории хонаводагӣ ва додани қарзҳои хурд ба онҳо, ворид намудани таҷҳизоти тиббӣ ва амсоли онҳо чораҳое мебошанд, ки барои ғанӣ намудани буҷаи оила ва беҳшавии сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамоянд.
Дар ин раванд, пеш аз ҳама, шаклҳои дурусти фаъолияти низоми бонкдорӣ ва механизми ҷамъоварии маълумот зарур мебошанд. Ба таҳлили рушди ин соҳа шурӯъ намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя ба он овард, ки соли равон ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016 4 фоиз коҳиш ёфт ва моро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешем.
Бо мақсади таъмини рақобати озод дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявию қарзӣ ва ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои нав, ки ҳоло 80 миллион сомониро ташкил медиҳад, минбаъд 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд. Дар ин раванд инфрасохтори зарурӣ бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ ташкил намудан зарур мебошад, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз ҷумла сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат намояд.
Эмомалӣ ШЕРАЛИЕВ,
декани факултети молия ва қарзи
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон