ТОҶИКИСТОН ДАР РАДДАБАНДИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ПАНҶ ЗИНА БОЛО РАФТ
ДУШАНБЕ, 27.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) кишварҳои дар пешбурди тиҷорат муваффақ, ки аз ҷониби маҷаллаи амрикоии «Forbes» омода шудааст, миёни 153 кишвари ҷаҳон зинаи 108-умро ишғол намуд. Рейтинг 21 декабр дар сомонаи маҷаллаи мазкур нашр гардид.
Зикр мешавад, ки соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 6,9% афзуда, шумораи аҳолии мамлакат 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 800 доллари ИМА-ро ташкил дод.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 65-ро касб кардааст. Ӯзбекистон бошад, дар ҷойи 99-ум ва Қирғизистон дар ҷойи 123-юм қарор доранд. Туркманистон дар ин рейтинг зикр нашудааст.
Британияи Кабир, Зеландияи Нав ва Нидерланд давлатҳои беҳтарин барои пешбурди тиҷорат дониста шудаанд.
Зинаҳои охири рейтингро бошад, Гаити, Гамбия ва Чад ишғол мекунанд.
Дар рейтинги Forbes 153 кишвар аз рӯи 15 нишондиҳанда баҳогузорӣ мешаванд: ҳуқуқ ба моликият, сатҳи ҷорӣ намудани инноватсияҳо, сатҳи андозбандӣ, технология, сатҳи коррупсия, озодӣ (шахсӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ), расмиётчигӣ (бюрократизм) ва таъмини ҳимояи сармоягузорон.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар рейтинги оғози моҳи ноябр интишорнамудаи Бонки ҷаҳонӣ — Doing Business 2018 миёни 190 кишвари ҷаҳон зинаи 128-умро касб карда буд.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон дар самти сабук кардани расмиёти таъсиси корхонаҳо ва бақайдгирии моликият ислоҳот роҳандозӣ шудааст. Ин ислоҳот имкон дод, ки Тоҷикистон дар ин рейтинг 5 зина боло равад.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






