Дар Душанбе қувваи зилзила чор баллро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон тахминан соатҳои 12:06 – 12:10 заминларза ба қайд гирифта шуд.
Ларзидани заминро дар минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла дар Душанбе, Панҷакент ва Хуҷанд эҳсос кардаанд.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи маълумотҳои пешакӣ маркази зилзила дар кӯҳҳои Ҳиндукуши Афғонистон ба қайд гирифта шуда, ларзиши он дар маркази зилзила 6, 1 баллро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе қувваи зилзила ба чор балл баробар буд.
Доир ба хисорот иттилое нарасидааст.








Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






