Гумонбар ба дуздии $470 000 дар шаҳри Душанбе боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 16 декабри соли 2017 ба шакли пурасрор дуздида шудани маблағи калони пулӣ ба миқдори тақрибан ним миллион доллари амрикоӣ, аниқтараш 470 ҳазор доллари ИМА аз ҳуҷраи кории яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Душанбе ҳар гуна хабару овозаҳоро ба миён оварда, ҳисси беэътимодӣ ва нобоварии ҷабрдидагон ва аҳолии маҳалларо аз кушода нашудани гиреҳи ҷиноят ва дастгир нагардидани гумонбарони ин ҷинояти муқобили моликият равонагардида ба бор оварда буд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди боздид ва азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва созмон додани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ бо фармони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ба ҳайати он кормандони ботаҷрибаи бахшҳои фаврӣ ва криминалистию тафтишотӣ ҷалб карда шуда, фаъолияти ҷустуҷӯӣ дар самти муайян ва ошкор намудани гумонбарони он зери назорати қатъии роҳбарияти Раёсат қарор дода шуд.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти босамар ва натиҷабахши фаврии кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе гумонбари асосие, ки 470 ҳазор доллари амрикоиро дуздида буд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуд. Зимни пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ муайян гардид, ки дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванд Сафаров Рустам Абдулвоҳидович, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, муваққатан сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан 3 маротиба бо ҷурмҳои гуногун ҳабс гардидааст, даст дорад.
Зимни пурсиш аз нишондоди гумонбаршаванда Рустам Сафаров маълум гардид, ки ӯ қаблан барои ба даст овардани маблағ омодагӣ дидааст. Сипас бо ҳар гуна ашёи оҳанини шикананда масаллаҳ гардида, тақрибан соати 03:30-и шаби 16 декабри соли 2017 бо шикастани тиреза вориди ҳуҷраи кории ширкати сохтмонӣ гардида, дар ҷустуҷӯ ва кофтукови маблағҳои пулӣ мешавад.
Баъд аз ёфтани сандуқи оҳанин бо воситаҳои оҳанине, ки бо мақсади шикастан бо худ оварда буд, сандуқро шикаста, аз дохилаш 470 ҳазор доллари ИМА, 10 ҳазор сомонӣ ва 1-ададӣ соату ангуштарини мардонаи тиллоӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Сипас гумонбаршаванда бо пинҳон кардани маблағҳои калони бо роҳи ҷиноят ба дастомада дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон паноҳ бурда, гумон мекунад, ки кирдори содирнамудааш аз чашми қонун пинҳон мемонад.
Дар натиҷаи бурдани корҳо бо роҳу усулҳои фаврӣ парда аз рӯи ҷиноят кушода шуда, 330 ҳазор доллари амрикоии дуздидашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира гардид.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






