ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Январь 31, 2018 10:21

ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ошкорсозии ҷинояти содиршуда вазифаи аввалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб мешавад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон  ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Ҳалокати рӯзноманигор дар садамаи нақлиётӣ

30 январи соли равон, тахминан соати 17:20, ронандаи мошини тамғаи «Дамас» Халифаев Бахтиёр Назарович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Борбад аз кӯчаи Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Фастхуддинов Галинҷон Минярович, соли таваллудаш 1973, рӯзноманигори ТВ «Спутник», сокини кӯчаи Борбадро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард Фастҳуддинов Г.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лату кӯби шаҳрванд дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ

Кормандони милитсия зимни доир намудани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда 26 январи соли равон ҳангоми дар дохили микроавтобуси хатсайри «Хуҷанд-Учбоғ» қарор доштанаш, бо марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҷангу ҷанҷол карда, ҳангоми ба истгоҳи «Универмаг»-и шаҳри Хуҷанд расидан, ӯро аз микроавтобуси мазкур фароварда, лату кӯб намудааст.

Расонидани ҷароҳати вазнин ба ҳамсар

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор дастгир карда шуд.

Номбурда 28 январи соли 2018, тахминан соати 23:30, ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш қарор доштан бо ҳамсараш, зани 30-сола аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 6 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Гирифани пора барои дароз намудани муҳлати истифодаи замин

Зимни доир намудани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир намуданд.

Номбурда моҳи сентябри соли 2016 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен кор карда, бо суиистифода аз ваколатҳои мансабиаш аз марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур барои дароз намудани муҳлати истифодаи заминҳои истифодаи муваққатии «Замини Нав» мусоидат намуда, ҳуҷҷатҳои онро ба расмият дароварда, аз охирин ҳамчун пора 16000 сомонӣ гирифта, барои эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.

 

 

Январь 31, 2018 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид