ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 1 феврал, панҷшанбе, 32-юмин рӯзи соли 2018 аст

Февраль 1, 2018 08:05

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

1 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари вақти Агентии федеролии Россия  доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ Фарит Мухаметшин  масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

***

8 сол пеш, 1 феврали соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи биометрӣ роҳандозӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани  неругоҳҳои хурди обӣ – барқӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистону Германия оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ карда шуд.

 1 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ.

***

Дар Сенегал – Рӯзи Конфедератсия.

***

Дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом).

***

Дар Никарагуа – Рӯзи неруҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ.

***

Дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ.

РӮЙДОДҲО:

1 феврали соли 1993 дар  шаҳри Душанбе Намояндагии аввали СММ — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.

 ***

1 феврали соли 2011 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ- иттилоотӣ баргузор гардид.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2013 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба сифати кумаки бебозгашт таҷҳизоту техникаҳои зарурӣ тақдим кард.

***

125 сол муқаддам, 1 феврали соли 1893 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон дар Ню-Ҷерси аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киностудияи «Черная Мария»- ро таъсис дод.

***

1 феврали соли 1995 Конвенсияи ҳудудӣ дар бораи ҳифзи ақаллиятҳои миллӣ қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 2011 соати 4:00 субҳи вақти маҳаллӣ сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хатти интиқоли барқи «Шимолӣ — Рӯдакӣ» қувваи барқи дохилӣ дастрас намуданд.

***

Соли 1946 дипломати норвегиягӣ Трюгве ЛИ аввалин Дабири Кулли СММ интихоб гардид.

Февраль 1, 2018 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш