Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду давлат ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд.
Пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишона аз анъанаҳои неки аҷдодии гиромидошти меҳмон, самимияти мардуми тоҷик ба муносибатҳои неки дӯстию хешутабории ду халқ, таваҷҷуҳ ба рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи равобити барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида бошанд ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи қадим ва бою рангин доранд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар ду давлат мусоидат намоянд ва иктидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.
Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуданд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонданд.
Умед аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, барои таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Пас аз анҷоми маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як суҳбати кӯтоҳи самимӣ доир карданд.
Сарони давлатҳо аз имкони ин дидор ва нахустин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи нави рушду густариши муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Субҳи имрӯз бо нишони эҳтироми хоса ба мардуми дӯсту ҳамсояи ӯзбек ва Сарвари давлати Ӯзбекистон беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, сокинони пойтахт ва наврасону ҷавонон ба истиқболи меҳмони олимақом баромаданд.
Дар маҳалли истиқбол ва ду канори роҳи марказии шаҳри Душанбе аз ҳар як гуша садои карнаю сурнай шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарӣ одамон шунида мешуд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






