ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 6 март, сешанбе, 65-умин рӯзи соли 2018 аст

Март 6, 2018 08:01

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

6 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

***

3 сол пеш, 6 марти соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

 6 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии дандонпизишк.

***

Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.

***

Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

6 марти соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи «Вахш»-и Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил шуд.

***

Як сол пеш, 6 марти соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки донишҷӯи соли 2-юми факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Собирҷон Бобиев дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи Беларусу Россия   баргузор гардид, мақоми сеюм ва медали биринҷӣ ба даст овард.

***

184 сол муқаддам, 6 марти соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

***

6 марти соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи «Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ» нашр шуд.

***

Соли 1902 клуби футболи «Реал» (Мадрид) таъсис дода шуд.

Март 6, 2018 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст