«ФИРИСТОДА БОЯД, КИ ДОНО БУВАД…». Ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ бахшида мешавад

Сентябрь 29, 2018 08:02

ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ҷашн гирифта мешавад. Таърихи ин иди касбӣ ба рӯйдоди муҳим ва таърихӣ дар ҳаёти халқи тоҷик тавъам аст.  Тавре медонем, расо 25 сол қабл аз ин, 29 сентябри соли 1993 нахустин бор дар таърихи милат ва давлатдории тоҷикон Сарвари давлати мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбари бонуфузтарини олам – Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид    суханронӣ ва нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои  сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили   робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ  намуданд…

 29 сентябри соли 2016 нахустин бор дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он  рӯзи кормандони хизмати дипламатии кишвари мо  таҷлил гардид. Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди собиқадорон ва кормандони хизмати дипломатӣ суханронӣ намуда, чунин иброз доштанд:

«Мусаллам аст, ки дар тӯли 25 сол Вазорати корҳои хориҷии мо дар  пешбурди сиёсати берунии Ҳукумат  корҳои зиёдеро анҷом додааст. Зимнан,бояд гуфт, ки дар даврони пеш аз истиқлол Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ собиқаи муайяне дошт, вале дар арсаи сиёсати хориҷӣ дорои чунин таҷриба набуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳанӯз  соли 1944 таъсис ёфта буд, танҳо баъзе масъалаҳои ташрифотию намояндагиро ба иҷро мерасонид.

Дар шароити соҳибистиқлолӣ сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ ва доираи фаъолияти он чун мақоми идораи давлатӣ ба таври назаррас тағйир ёфт. Дар робита ба ин, ишора ба як далел кофист, ки ҳайати кормандони он аз 11 нафари давраи пеш аз истиқлол ба зиёда аз 300 нафар расид».

Дар баробари ин Сарвари давлат зикр намуданд, ки ҳанӯз  дар самти омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва лоиқу кордон, ки аз умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ бархурдоранд, ҳамчунин, дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо камбудиҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳаллу фасли онҳо андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат, барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати дипломатӣ озмунҳо мунтазам гузаронида шаванд ҳам, вале баъзе ҳолатҳои муносибати ғайрихолисона ба масъалаи арзёбии сифатҳои касбиву шахсии кадрҳои ҷавон ба мушоҳида мерасанд. Дар самти  таъмин намудани сатҳи зарурии интизом ва масъулиятшиносии  кадрҳо низ норасоиҳо ба назар мерасанд. «Сатҳи пасти малакаи касбии баъзе дипломатҳои тоҷик,  алалхусус, дар  донистани забон, таърих, анъанаву фарҳанг ва қонунҳои кишвари иқомат, боиси нигаронист», — гуфтанд Президенти мамлакат ва илова намуданд: — Ҳолати таъмини бехатарии иттилоотиву иртиботии  фаъолияти намояндагиҳои дипломатии мо дар кишварҳои хориҷӣ низ  ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад».

Сарвари давлат зимни суханронии худ аз собиқаи тӯлонӣ  ва ғании дипломатии таърихи давлатдории тоҷикон, аз даҳҳо китобу рисолаҳое  ёдовар шуданд, ки  дар бораи сифату хислати сафирон ё ба қавли ниёгонамон — фиристодагон   таълиф шудаанд. Аз ҷумла  Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ доир ба сифатҳои сафирон чунин фармудааст:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Ё дар ҷои дигари ин асар Хусрави Парвиз ба фиристодагони худ чунин дастур медиҳад:

Хирадманд бошеду равшанравон,

Ниюшандаву чарбу ширинзабон.

Бад-он анҷуман ту забони манӣ,

Ба ҳар неку бад тарҷумони манӣ.

 

Дар ин мисраъҳои безаволи ҳаким Фирдавсӣ сифатҳои умдаи фиристодагон — муаррифони Роҳбари давлат ва миллату кишвари худ,  яъне  хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳаммияти забондонӣ  ба таври возеҳ таъкид шудаанд.

«Фикр мекунам, ки имрӯз ҳам арзиши ин суханони Фирдавсӣ кам нагаштааст ва онҳо барои ҳар яки шумо дар фаъолияти ҳаррӯзаатон бояд ба ҳайси чароғи ҳидоят хизмат кунанд», — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Бино ба суханонони Ҷаноби Олӣ,  меҳвари сиёсати хориҷии мо, дар баробари таъмину ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён иборат аст.  Мусаллам  аст, ки дар иҷрои ин вазифа донишу таҷриба, ахлоқи ҳамида, одоби муошират, донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забони кишвари иқомат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва поквиҷдонии дипломатҳои тоҷик нақши муҳим дорад.

Хотиррасон менамоем, ки айни ҳол зиёда аз 30 адад намояндагиҳои дипломатии мо дар хориҷи кишвар ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон  машғуданд.

Сарвари давлат фаъолияти солҳои охири Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро доир ба татбиқи навгониҳо дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ қобили  таҳсин хонданд.   Аз ҷумла, роҳандозӣ шудани низоми раводиди электронӣ яке аз таҷрибаҳои нахустин дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, имконияти мусоиди аз ҷониби ҳар як шаҳрванди хориҷӣ дастрас намудани раводиди дахлдорро тавассути мақомоти консулӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон фароҳам меорад.

Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон   миёни сохторҳои давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муайян намудани беҳтарин сохтори марказии ҳокимияти давлатӣ гузаронида шуд, ки дар  ҷамъбасти он Вазорати корҳои хориҷӣ соҳиби ҷоизаи махсус гардид.

P.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тамоми кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои онро дар дохил ва хориҷи мамлакат бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, барояшон дар хизмати душвор ва пурмасъулияту пуршарафи дипломатӣ баҳри ҳимоя ва таъмини манфиатҳои миллӣ ва давлатии Ватани азизамон комёбиҳо таманно менамояд.

Сентябрь 29, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Риёз машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ мулоқот намуд
Масъалаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон