ДАРАХТ БИНШОН! Дар хиёбону кўчаҳои Хуҷанд беш аз 2000 бех дарахтони ороишӣ ва 10 ҳазор дона гули садбарг шинонида шуданд

Февраль 10, 2019 10:55

ХУҶАНД, 10.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст. Дар ин замина дар доираи корҳои таъмиру навсозӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободониву сарсабзгардонидании маҳалҳо бомаром идома дорад. Вусъати ин маъракаи муҳим бахусус дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд бештар ба назар мерасад. Сокинони касбу кори гуногун дар корҳои бунёдкорӣ якдилона иштирок доранд. Аз ҷумла, имрӯзҳо сокинони яке аз маҳаллаҳои калони шаҳр — Чашмаи Арзана  низ дар корҳои ободонӣ ва маъракаи шинонидани ниҳолҳо фаъоланд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифтааст, ки кӯчаи ба номи Саиднофеъ Саидвалиеви маркази ин маҳалларо  таҷдиду навсозӣ намояд. Ҳамзамон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд масофаи зиёда аз 3 километри он пурра мумфарш ва роҳҳо чароғон гардида, дар ду канори роҳ пайроҳа ва обравҳо низ сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки зимни маъракаи сабзазоркуниву ниҳолшинонӣ  танҳо моҳи январи соли равон дар хиёбону кўчаҳои Хуҷандшаҳр 2020 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз ва 10 ҳазору 400 дона гули садбарг шинонида шуданд.  Инчунин  213 ҳазор дона тухми пиёзаки лола, 300 ҳазор адад гулҳои ҳархелаи ороишии қаблан шинонидашуда таҳти нигоҳубин қарор дошта, ҳамзамон барои моҳҳои минбаъда дар кўчаву хиёбонҳои маркази вилоят шинонидани гулу ниҳолҳо ҳоло дар муассисаи сабзазоркунӣ ва гулпарварӣ 30 ҳазор адад навниҳоли ороишӣ парвариш карда истодаанд.
Чунин раванди корҳои ободониву сарсабзгардонӣ имрӯзҳо дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр низ баръало ба назар мерасад.

Бахшида ба 1300 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ ва омодагиҳо ба таҷлили «Фестивали гули лола ва таомҳои миллӣ» дар ҳудуди Боғ аз ҷониби кормандону боғбонони ин маҷмаа маъракаи ниҳолшинонӣ  ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, то имрӯз дар ҳудуди маҷмаа 63 адад дарахтони ҳамешасабзу сояафкан, чун арча, шоҳбулут, можавелник, чормағз ва бодом шинонида шудаанд.

Февраль 10, 2019 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид