Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак
ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуданд.
Президенти мамлакат, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони шаҳри Норак ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ ва вусъати корҳои ободонӣ табрику таҳният гуфта, ба сокинони шаҳри Норак барои ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва идомаи корҳои созандагӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.
Маросими тантанавии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро барномаи бошукӯҳи театрикунонидашудаи “Корвони наврӯзӣ” идома дод.
Тибқи иттилои дастандаркорони ин чорабинии муҳташами фарҳангӣ, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷалб гардидаанд. Дар барномаи зикршудаи фарҳангӣ-оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.
Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳалли баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд.
Барномаи фарҳангии “Корвони Наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай оғоз гардид.
Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки таҳиягарон бо дарназардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро мушоҳида мешуд, ки ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодӣ буд.
Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд. Ин чорабинӣ бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро гиромӣ медоранд ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузургӣ фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Рақсу бозӣ, иҷрои сурудҳои халқӣ, намоиши омода кардани таомҳои миллии хоси наврӯз ва ғайра аз бахшҳои асосии ин намоиш буданд, ки ба ҳозирин хеле писанд омаданд.
Корвони Наврӯзӣ, ки дар кишвари мо бо талошу тадбирҳои созандаи Пешвои миллат пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид, дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгони моро таҷассум намудаву ҳамон ойинҳои қадимаро ба сурати нав, хосса бо мутобиқ гардонидан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардонидааст.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили ин чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия






