ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 март, сешанбе, 71-умин рӯзи соли 2019 аст

Март 12, 2019 08:00

12 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.

 ***

12 марти соли  2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои  таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.

***

12 марти соли 2010 дар пойтахти Қатар – Доҳа чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандагони тоҷик низ иштирок намуданд.

12 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии киберсензура.

***

Дар Замбия –Рӯзи ҷавонон.

***

Дар Канада – Рӯзи иттиҳод.

РӮЙДОДҲО:

 12 марти соли 2012  дар шаҳри Москваи ФР  дар мавзӯи «Диаспораҳои тоҷик дар Россия: афзалиятҳои иқтисодию фарҳангӣ» ҷамъомад баргузор гардид.

***

12 марти соли 2013 дар варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дастаи «Регар – ТадАЗ» -и шаҳри Турсунзода дар вохӯрии дуюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо чемпиони даҳкаратаи Баҳрайн «Ал – Риффоъ» сабқат анҷом дод.

***

3 сол пеш, 12 марти соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ботантанаи кушодашавии Фестивали дурӯзаи фарҳанги Япония «Рӯзҳои Япония» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 давраи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Вахш», «Панҷшер» – «Ҳосилот», «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» баргузор гардид.

***

207 сол муқаддам, 12 марти соли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

12 марти соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.

***

12 марти соли 1999  Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ  (НАТО) шомил шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Март 12, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст