ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 март, душанбе, 77-умин рӯзи соли 2019 аст

Март 18, 2019 08:00

18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ба имзо расид.

***

4 сол пеш, 18 марти соли 2015  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро имзо намуданд.

 18 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи полиси андоз.

***

Дар Аруба- Рӯзи парчам ва суруди миллӣ.

***

Дар Беларус – Рӯзи қӯшунҳои дохилӣ.

 РӮЙДОДҲО:

 18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Протоколи ҷамъбастии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расид.

***

18  марти соли 2010  Созмони  Милали  Муттаҳид ва  Созмони  аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ   декларатсияи муштарак ба   имзо расониданд.

***

8 сол пеш, 18 марти соли 2011 дар шаҳри Москва Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои узви ИДМ: «20 сол бо ҳам: таҷрибаи ҳамкорӣ ва дастовардҳо» баргузор гардид.

***

18 марти соли 1813 дар ИМА дастгоҳи истеҳсолкунии гази  ангишт ихтироъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1947 Комиссияи иқтисодии СММ барои давлатҳои Осиё ва Шарқи дур таъсис дода шуд.

***

28 сол пеш аз ин, 18 марти соли 1991 дар Россия қонун «Дар бораи милитсия» қабул карда шуд.

***

18 марти соли 1997 хурдтарин клавиатураи компютер сохта шуд, ки 7,62 х 3,048 см ҳаҷм дошт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1900 клуби футболи «Аякс»-и Голландия  таъсис дода шуд.

***

Соли 1965  кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов аввалин маротиба дар таърих ба фазои боз баромад.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Март 18, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 295-умин рӯзи соли 2024 аст