«Авесто Гурӯҳ» корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» бунёд месозад

Апрель 26, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 26.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе  Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ба имзо расид.

Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода ва директори генералии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Муҳаммад Мирзо  ба имзо расониданд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  татбиқи лоиҳа бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири  саноатикунонии кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чорум эълон гардидааст, равона шудааст.

Лоиҳа дар ду марҳила татбиқ гардида, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ аз ҷониби «Авесто Гурӯҳ» анҷом дода мешавад.

Муҳлати амали созишнома аз рузи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 10 солро дар бар гирифта, зимни татбиқи лоиҳа талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи сармоягузор пурра риоя мегардад.

Апрель 26, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард