Дар пешгирии муноқишаҳои байни мактаббачагон волидон бояд бетараф набошанд!

Май 15, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Фаттозода, сардори Хадамоти мазкури Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Баширхон Иброҳимзода, масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҳукумати шаҳри Душанбе бо омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо баргузор гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ А. Фаттозода оид ба вазъи мактабу маориф, ки соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд, изҳори андеша намуд. Ӯ зикр кард, ки вазифаи ҳар як хонанда бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, саҳми арзандаи хешро дар пешрафти ин сарзамин гузоштан аст. Бояд ҷавонону наврасон пайваста пайи омӯзиши илму маърифат шуда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намоянд ва номбардори падару модар ва Ватани хеш гарданд.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат баҳри солимгардонии ҷомеа як зумра иншооти гуногуни варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Дар онҳо баҳри пешгирии ҷинояткорию оворагардии насли ҷавон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ тамоми шароити замони муосир муҳаё гардидаанд.

А.Фаттозода ҳамзамон дар бораи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқӣ изҳори андеша намуда, зикр сохт, ки минбаъд низ баҳри тарбияи фарзандон бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъулину намояндагони дигар идораҳои дахлдор низ сухан гуфтанд. Аз ҷумла, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Б.Иброҳимзода доир ба таълиму тарбияи насли наврас андешаҳояшро баён намуд. Мавсуф оид ба одобу ахлоқи наврасон ва пешгирии муноқишаҳои байни мактаббачагон изҳор дошт, ки ин масъала кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои дахлдорро ба ташвиш андохтааст. «Аз ин рӯ, аз тамоми волидон хоҳиш карда мешавад, ки баҳри пешгирии ин гуна қонуншиканиҳо худро бетараф нагирифта, нисбат ба тақдири ҷигарбандонашон бетарафӣ зоҳир накунанд», — гуфт ӯ.

Дар идомаи ҷамъомад дар бораи шароити муҳайёсохтаи давлат ва пос доштани арзишҳои миллӣ табодули афкор сурат гирифт. Зикр карда шуд, ки ҷавонон бояд ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти давлат пайи омӯзиши илму дониш бошанд. Онҳо дар ин замина, барои аз худ намудани тарзи истифодаи техникаву технологияҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро нафаре ки пайи омӯзиш мешавад, дар зиндагӣ ба муваффақиятҳо ноил мегардад.

Май 15, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд