«ҲАМРОҲ БИХОНЕМ». Амрико ба Тоҷикистон дар ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхонӣ ҳамдастӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 01.06.2019./АМИТ «Ховар»/. Кордори сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт ҳамроҳ бо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дирӯз дар чорабинии тақдими китоб ба мактаби № 3 дар шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи USAID оид ба рушди малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ҶТ сурат мегирад.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сайқал додани малакаи хониши талабагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат менамояд. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи USAID таҳти унвони «Ҳамроҳ бихонем» амалӣ мегардад. Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барномаи фарогирандаест, ки дар доираи он 13 532 омӯзгорон ва мутахассисони соҳа таълим мегиранд ва дастрасии бештар ба маводи хонишӣ барои 281 451 хонандаагони синфҳои ибтидоӣ фароҳам оварда мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур мудирони муассисаҳои таълимӣ, китобдорон ва ҳамаи омӯзгорони синфҳои ибтидоии зиёда аз 1000 мактаб дар саросари кишвар аллакай таълим гирифтанд. Ғайр аз ин, ба муассисаҳои таълимии мазкур зиёда аз 140 000 китоби ба синну соли хонандагон мутобиқбуда бо забони модарӣ тақдим карда шуданд. Дар доираи ин лоиҳа тақдими китобҳо ва маводи таълимию методии инноватсионӣ ба муассисаҳои таълимии интихобшуда идома хоҳад ёфт. Дар давоми ду соли оянда, чорабиниҳои ба ин монанд, иловатан дар 1800 муассисаи таълимиии дигар роҳандозӣ мешаванд.
USAID шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. USAID бо Вазорати маориф ва илми ҶТ дар раванди интихоб, таҳия ва дастрас намудани китобҳо ҳамкории зич дорад. Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби Вазорат ба тасвиб расонида шудаанд.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 бо қарори Шӯрои сарони дафлатҳои иштирокчии ИДМ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли китоб эълон гардидааст.
Китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ-манбаи аслии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, воситаи таълиму тарбия, фароғат, хосса ойинаи хаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чунин тавсиф намудааст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
2 январи соли 2019 АМИТ «Ховар» бо мақсади тарғиби ҳарчи бештари киттобу китобхонӣ ва аҳамияти он дар рушди инсон рубрикаи нави худро таҳти номи «Фурӯғи субҳи доноӣ» муаррифӣ намуд.
9 феврали соли 2019 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор мегардад.
Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» намунаи кумаки мардуми дӯсти Амрико мебошад, ки амалисозии он ба ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китоб ва китобхонӣва ба ин васила рушд ёфтани лаёқати зеҳнии онҳо мусодат хоҳад намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар давоми 27 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1,8 миллиард долларро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд






