Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар»: ВИЧ/СПИД бемории идорашаванда аст

Июнь 20, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир  соҳаи тиб дар ҷаҳон ба дастовардҳои зиёд ноил гардида,  табибон дар табобати бисёре аз бемориҳои дар гузашта «бедаво» то андозае муваффақ  шудаанд. Дар ин радиф метавон бемории ВИЧ/СПИД-ро мисол овард. 

Оё   бемории ВИЧ/СПИД  дар ҳақиқат идорашаванда аст? Шахс чӣ гуна, бо кадом роҳу восита метавонад худро аз гирифтор шудан ба ин беморӣ муҳофизат намояд?  Чӣ тавр ва бо кадом роҳ онро метавон  идора  кард? Ба ин  саволҳо ва дигар масъалаҳои ба ин мавзӯъ вобаста Шумо метавонед аз барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» посух ва маълумот пайдо намоед.

Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» имрӯз, 20 июни соли  равон, соати 09:30 ва (такроран) 17:30 бо иштироки  коршиносони соҳа пешниҳоди шунавандагон мегардад. Муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода.

Июнь 20, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид