«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Ҷараёни баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ дар барномаи «Мавқеъ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад

Июнь 19, 2019 12:24

ДУШАНБЕ, 19.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони  мамлакат  дар соли 2019  озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» идома дорад.

Баргузории марҳила ва даврҳои ин озмун  дар кадом сатҳ қарор дорад? Чаро баъзе аз  масъулини соҳа  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру навоҳии мамлакат  дар ин озмун фаъол нестанд? Оё имрӯз мушкилоти норасоии китобҳои тозанашр аз байн рафтааст  ва чӣ гуна онҳо дастраси хонандагон  мегарданад?

Ин мавзӯъро дар барномаи таҳлилии «Мавқеъ»-и Радиои «Ховар» шореҳ Хуршеди ХОВАР (Ҳамдам)  бо иштироки сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров   баррасӣ менамоянд.

Барномаи таҳлилии  «Мавқеъ» 19 июни соли равон, соати 12:30, инчунин такроран соатҳои 19:30 ва 22:30 аз Радиои «Ховар» пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Июнь 19, 2019 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд