Имрӯз-Рӯзи байналмилалии забони русӣ. Дар Тоҷикистон ба омӯзиши ин забон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад
ДУШАНБЕ, 06.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2011 инҷониб дар бештари мамлакатҳои дунё 6 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус А.С. Пушкин рост меояд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст.
Дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии мамлакат, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилаш бо забони русӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳо 17 ҳазору 778 нафар хонанда таҳсил менамояд.
Инчунин дар ҷумҳурӣ 159 муассисаҳои таълимии омехта фаъолият менамоянд, ки дар онҳо синфҳои таълимашон бо забони русӣ мавҷуданд. Дар ин муассисаҳо 68007 хонанда таҳсил менамоянд.
Дар умум, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 185 муассисаи таҳсилоти умумӣ синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 85 ҳазору 785 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёд ба ин самт, ҳанӯз ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ норасоии муаллимони русӣ ба назар мерасанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 8 ҳазору 615 (5063 зан) нафар омӯзгорон аз фанни забони русӣ дарс мегўянд, ки аз онҳо 7 ҳазору 288 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ мебошанд. Солҳои охир дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки омӯзгорони ин фан намерасиданд, аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар шуъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои миёна ва олии мамлакат омўзгорон тайёр карда мешаванд ва бо ҳамин роҳ норасогии кадрӣ қариб, ки аз байн рафта истодааст.
Инчунин баҳри аз байн бурдани мушкили кадрҳо тибқи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Россия, ҷониби Россия соли хониши 2018 – 2019 26 омӯзгорони фанҳои гуногунро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон кард.
Мақсад аз омадани ин омӯзгорон расонидани ёрии методӣ аз фанҳои таълимӣ ба омӯзгорони тоҷик буда, дар ин раванд аз ҷониби онҳо таълимоти дарсӣ низ ба роҳ монда мешавад. Бештари роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо омўзгорон аз Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, аз кори онҳо розианд ва хоҳиши давом додани шартномаи кориро бо онҳо доранд.
Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ шудааст.
Низоми чорабиниҳои зарурии дар ин Барнома пешбинигардида баҳри сифатан беҳтар гардонидани таълим ва самарабахш аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ дар фазои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, барои такмилу омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар шароити бисёрзабонӣ, таъмини бемайлони омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, дар заминаи китобҳои дарсӣ ва технологияҳои инноватсионии муосир, ки бо назардошти вижагиҳои забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ таҳия гардидаанд, бештар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар назди Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ташкил намудани Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ барои муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ва кушодани шуъбаҳо доир ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи тарҷумонӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур мебошад, ки пурра иҷро шудаанд.
Бандҳои дигари Барнома, ки ба беҳсозии сифати таълиму тадрис нигаронида шудаанд, ҳамасола дар марҳилаҳои гуногун мавриди иҷро қарор мегиранд.
Чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки лоиҳаи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда, барои тасдиқ ба Федератсияи Россия фиристода шудааст. Дар сурати ба имзо расидани он корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд.
Дар робита ба ин масъулини Вазорати маориф ва илм иброз намуданд, ки Созишномаи мазкур санаи 17 апрели соли равон дар шаҳри Москва зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия имзо гардид.
Айни ҳол дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкур барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ирсол карда шудааст.
Масъалаи таъмини китобҳои дарсии русӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ низ дар мадди аввал буда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Аз тарафи Вазорати маориф ва илм ба қадри имкон китобҳои дарсӣ нашр гардида, ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда мешаванд. Инчунин аз соли 2017 то ба имрўз аз тарафи Федератсияи Россия 11 ҳазору 95 нусха китобҳои дарсии фанҳои гуногун дастраси хонандагон гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»