Иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ

Июнь 4, 2019 17:02

ДУШАНБЕ, 04.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид 31 майи соли 2019 дар шаҳри Ашқобод дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Дар ҷаласа Давлаталӣ Саид ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳод дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра  таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Ҳамчунин  роҳбари ҳайати Тоҷикистон мавқеи Кишварро роҷеъ ба масоили муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ изҳор дошта, аҳаммияти ҳамкории мақомоти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ, инчунин зарурати муттаҳидсозии саъю талошҳо дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгаройро таъкид намуд.

Июнь 4, 2019 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд