Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи як қатор иншоотро дар маркази ноҳия ба сокинон муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки дар як муддати кутоҳ дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми он дар ҳамаи самтҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти ноҳияи Сангвор дар замони истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ қариб 300 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 90 миллиони он ба се соли охир рост меояд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Сангвор бо мақсади истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 77 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 15 иншоот ба анҷом расонида шудааст.
Тайи солҳои 2016-2018 дар ноҳия дар доираи ду лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ доир ба тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва идоракунии экологии замин маблағи 12 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозӣ барои азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзиву маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ 50 миллион сомонӣ равона гардида, татбиқи 2 лоиҳа ба маблағи қариб як миллион сомонӣ доир ба таъмиру таҷҳизонидани синфхонаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таълиму тарбия идома дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили воқеии вазъи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоид барои рушду густариши бахшҳои картошкапарварӣ, занбуриасалпарварӣ, ҷамъоварию коркарди гиёҳҳои табиӣ, бунёди боғоти нав, афзоиши чорво ва дигар соҳаҳо, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳо андешанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияи Сангворро ба риояи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳидоят карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони ноҳия донишҷӯ Лайло Идиева суханронӣ карда, ба Пешвои миллат барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ва дастгирии ҷавонон изҳори сипос кард.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






