22 июл Суди Олӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» оид ба ҷамъбасти натиҷагирии шашмоҳаи аввали соли равон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Нишасти Агентии «Тоҷикстандарт» соати 09:00 дар маҷлисгоҳи «Тоҷикстандарт» баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.
Роҳбарияти Суди Олӣ оид ба ҷамъбасти нимсола соати 14:00 бо намояндагони ВАО дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ мегузаронад.
Маркази миллии қонунгузорӣ нишасташро соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Маркази мазкур доир менамояд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






