Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Муҳаммад ал-Носир барқияи тасаллият ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Муҳаммад ал-Носир барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ –Президенти Ҷумҳурии Тунис – Баджи Қаид Ас-Себсиро дарёфт намудам.
Марҳум дар маснади Президенти кишвар барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Тунис хизматҳои назаррас анҷом дода буд.
Бинобар ин талафоти бузург аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми дӯсти Тунис баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






