АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ МУҲТАРАМ! То 1 сентябр пешниҳодоти худро барои лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав манзур намоед
ДУШАНБЕ, 18.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 дар бораи дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Тавре аз Раёсати котиботи Вазорати молия хабар доданд, андозсупорандагон метавонанд таклифҳои худро мутобиқи намунаи дар сомонаи www.kodeks2020.tj пешниҳодшуда ё ба тариқи хаттӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Академик Раҷабовҳо, 3 ирсол намоянд.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати пешниҳод то 1 сентябри соли 2019 муқаррар шудааст.








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






