Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 3 июл Сарпарасти вазорати молия ва Мушовири аршади Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмиро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҷумҳурии мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, илму маориф, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкории дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






