Дар минтақаи Кӯлоб баҳри пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳодисаҳои табиӣ соҳилҳоро мустаҳкам менамоянд

Июль 29, 2019 10:03

КӮЛОБ, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Иттиҳодияи  беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо барои давраи тирамоҳу зимистон  ва таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ  дар шаш моҳи соли равон    88055 гектарро обёрӣ намуд. Дар ин бора  сардори Иттиҳодияи беҳдошти замин  ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб Амирхон  Маҳсиддинов зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар ин давра  баҳри беҳтар намудани ҳолати  мелиоративии заминҳои кишоварзӣ  аз ҳисоби маблағҳои хизмати обрасонӣ ба маблағи 3 млн 80 ҳазору 500 сомонӣ ҳолати мелиоративии заминҳо дар минтақа  беҳтар карда шудааст.

Инчунин дар масофаи 141 км  тоза намудани шабакаҳои обрасонӣ, дар масофаи 74,3 км  тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ба анҷом расонида шуда, 52 адад  иншооти гидротехникӣ ва 84 адад  дастгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Зикр гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳодисаҳои табиӣ  дар мавзеъҳои хавфдошта  ба тариқи ҳашар дар  шаҳри Кӯлоб ноҳияҳои Ховалинг, Темурмалик, Восеъ, Муъминобод, Балҷувон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд.  Масъулин нақша доранд, ки  рӯзҳои наздик корҳои мустаҳкам намудани соҳилҳоро ба анҷом расонанд.

Июль 29, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад