Дар шаҳри Ҳисор фабрикаи мурғпарварӣ бо иқтидори истеҳсоли 30 ҳазор дона тухм дар як шабонарӯз ба фаъолият шурӯъ менамояд
ҲИСОР, 31.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар шаҳри Ҳисор як фабрикаи мурғпарварӣ бо иқтидори истеҳсоли 30 ҳазор дона тухм дар як шабонарӯз бо саҳми соҳибкор Нуриддин Солиев ба кор шурӯъ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки сокинони пойтахти мамлакат бо тухми аз ҷиҳати экологӣ тоза ва гӯшти парҳезӣ таъмин гарданд. Ин муждаро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон расонид.
Зикр шуд, ки дар шаш моҳ шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор ба 63 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 10 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст. Корхонаҳои саноатии шаҳр соли равон бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 99,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯзҳо дар корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор 1615 нафар фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 297 нафар зиёд мебошад.
Ба иттилои Шарифҷон Ҷумазода, соли равон дар асоси Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Ҳисор нақшаҳои зиёд тарҳрезӣ гардиданд. Ҳоло корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсоли коғаз ва маҳслоти коғазӣ- ҶДММ «Коғази Шарора» бо таъсиси 100 ҷойи корӣ, коргоҳи коркарди шир дар назди ҶСК «Авитсена» бо таъсиси 65 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли бомпӯш дар назди ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» бо иқтидори истеҳсоли 1500 дона дар як рӯз бо таъсиси 25 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли бомпӯш аз ҷониби ҶДММ «Анас -Одина» бо иқтидори истеҳсоли 1000 дона дар як рӯз бо таъсиси 15 ҷойи корӣ, корхонаи бастабандии ҷуворимакка бо иқтидори истеҳсоли як тоннаю 500 кг маҳсулот дар як рӯз бо таъсиси беш аз 32 ҷойи корӣ аз ҷониби ҶДММ «Ситаб-агро», корхонаи истеҳсоли хишти пухта- ҶДММ «Санги Дарё» бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан дар назди ҶДММ «Мужда ЛТД-2016» бо таъсиси 15 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли нуриҳои органикӣ дар назди фермаи чорвопарварии ҶДММ «Абдурауф Юсупов» бо иқтидори коркарди 30 тонна пору бо таъсиси 12 ҷойи корӣ, корхонаи коркарди санг аз ҷониби «Авесто гурӯҳ» бо таъсиси 35 ҷойи корӣ ва 50 адад коргоҳҳои хурду миёна бо таъсиси беш аз 120 ҷойи корӣ босуръат ҷараён дорад.
Дар назар аст, ки корхонаҳои мазкур ояндаи наздик ба фаъолият шурӯъ намоянд.








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






