Дар вилояти Суғд Фестивали «Оши палав» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи август дар вилояти Суғд Фестивали «Оши палав» гузаронида мешавад. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги зебоипарастӣ, эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангии ниёгон, рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ гузаронида мешавад.
Фестивали мазкур дар ду давр – сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва сатҳи вилоятӣ доир мешавад. Иштирокдорони он дар бахшҳои «Беҳтарин оши палов», «Ороиши хаймаи беҳтарин», «Дастони моҳир» ва дигар бахшҳо маҳорати худро нишон медиҳанд.
Ба ғолибони бахшҳо аз 1000 то 5000 сомонӣ мукофтпулиҳо тақдим карда мешаванд.








Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад






