Душанбе мизбони ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Корея мегардад
ДУШАНБЕ, 14.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Корея баргузор мегардад.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи ҳамоиш ба таҳкими ҳамкории бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар доираи стратегия ва ташаббуси «Сиёсати нави Шимол» ва дар ҳошияи саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Интизор меравад, ки доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Корея маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мошинсозӣ, металлургия, технология, тандурустӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ менамоянд.
Дар ҳошияи ҳамоиши тиҷоратӣ ҳамзамон мулоқоти доираҳои тиҷоратии ду давлат дар шакли В2В гузаронида шуда, қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






