Эмин Сангинзода: «Тавассути татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ» беш аз 35 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд»
ДУШАНБЕ, 25.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон тавассути татбиқи чорабиниҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар мамлакат 35 ҳазору 917 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ давоми моҳҳои август-декабри соли 2018 ва шашмоҳаи якуми соли равон дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута барои бо кор таъмин намудани 63 ҳазору 392 нафар шаҳрвандони бекор ва соҳибкасб намудани 15 ҳазору 567 нафари онҳо мусоидат намуд. Ин нуктаро муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур зикр намуд.
«Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби бақияи маблағи соли 2018 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 6 ҳазору 252 нафар шаҳрванд ба маблағи 2,7 млн. сомонӣ барои давраи бекорӣ кумакпулӣ таъйин ва пардохт гардид, ки 87,5 %-и онҳо ба рухсатшудагон аз Артиши миллӣ ва 9,5% ба озодшудагон аз маҳбас дода шуданд»,-афзуд Э.Сангинзода.
Номбурда иттилоъ дод, ки мувофиқи омори расмӣ, дар семоҳаи якуми соли 2019 аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ 36 ҳазору 364 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шуда, аз ҷумла, 55,9 фоиз доимӣ, 21,9 фоиз муваққатӣ ва 16,6 фоиз ҷойи кори мавсимӣ мебошанд.
«Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи якуми соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баҳисобгирии пурраи намуди шуғли ҳар як шаҳрванд дар ҷумҳурӣ гузаронида шуда, муайян гардид, ки ба ҳолати 1 июни соли равон шумораи умумии аҳолӣ ба 9 миллиону 214,4 ҳазор нафар баробар аст. Аз он 4 миллиону 725,6 ҳазор нафар шаҳрвандони қобили меҳнат буда, шумораи умумии бекорон 463,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад»,- гуфт Э.Сангинзода дар тақвияти гуфтаҳои боло.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар вазорат лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кумаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим» татбиқ шуда истодааст. Тибқи вазифаи техникӣ ва дар мувофиқа бо роҳбарияти вазорат аз тарафи лоиҳа 8 маркази захиравӣ ташкил карда шуда, онҳо давоми соли 2019 аз рўи 20 барномаи пилотӣ (барои 20 ихтисос) муҷаҳҳаз гардонида шуда, курсҳои такмили ихтисоси омўӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои касбии техникӣ ба роҳ монда мешаванд.
Инчунин зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш», аз ҷумла аз рӯи 12 ихтисос, стандартҳои касбӣ-тахассусӣ (стандарти салоҳият) аз рӯи ихтисосҳои «Кафшергари газӣ ва барқӣ», «Муҳосиб», «Хизматгузори меҳмонхона», «Дўзандаи либоси мардона», «Челонгар–техники санитарӣ», «Хиштчин», «Васлгар ва таъмиргари хатҳои ҳавоии интиқоли барқ», «Қаннод», «Ороишгари мӯй», «Ронандаи автомобили боркаш», «Барқчии таҷҳизоти барқии энергияи офтоб», «Механики конденсионерҳои маишӣ ва яхдонҳо» таҳия гардид. Ин ихтисосҳо аз ташхиси корфармоён гузашта, барои мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор омода шудаанд.










«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






