Маҳмадтоир Зокирзода ба масъулини шаҳри Хоруғ супориш дод, ки нархи гарони меваю сабзавотро паст кунанд
ХОРУҒ, 18.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбат намуда, бо изҳори нигаронӣ аз нархи гарони меваю сабзавот ба масъулини шаҳр супориш дод, ки арзиши меваю сабзавотро паст кунанд.
Гарчанде фасли тобистон ба охир мерасаду дар тамоми мамлакат меваю сабзавот фаровон аст, аммо дар бозори шаҳри Хоруғ ҳанӯз ҳам нархҳои ин намуди маҳсулот мисли аввали фасли баҳор гарон ба назар мерасанд. Яке аз иллатҳои гаронии нарх- ин аз даст ба даст гузаштани маҳсулот мебошад. Дар натиҷа деҳқоне, ки ду ё се моҳ дар замин, дар гармии тафсон заҳмат мекашад, манфиати камтар мебардорад. Баръакс, аз меҳнати ӯ соҳибкорони беинсоф баҳра бурда, як ё ду маротиба ҳаққи худро ба нархи аслии маҳсулот зам намуда, бо ин рафтори ношоистаи худ кисаи харидоронро холӣ мекунанд.
Аз ин рӯ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ба мақомоти марбута дастур дод, ки дар зудтарин фурсат дар назди бозори марказӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор кунанд. Ва бояд кӯшиш намоянд, ки ин маҳсулот бе миёнарав ба дасти харидорон расонда шавад, то онҳо барои фасли зимистон ҳам маҳсулоти кофии кишоварзӣ захира карда тавонанд.
Ҳамчунин муовини Сарвазири ҷумҳурӣ зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва театри вилоятӣ ба бинокорон супориш дод, ки бо истифода аз фасли гарми тобистон суръати корро ҷоннок намоянд. Зеро баъди ҳамагӣ ду моҳ дар ин минтақаи баландкӯҳ мавсими сармо оғоз меёбад ва сардии ҳаво ба сифати сохтмон таъсири манфӣ мерасонад.
-Агар имкон бошад, корро дар ду баст ташкил карда, ба саҳлангорӣ набояд роҳ дод,- гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва илова намуд, ки дар доираи амалисозии яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ниҳодҳои гуногун бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда мешаванд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо онҳо вазифаи хизматии худро содиқона иҷро мекунанд. Ҳамчунин таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба истифодаи самараноки маблағҳои ҷудогардида ва сифати корҳои сохтмонӣ равона гардад.
Маҳмадтоир Зокирзода зимни сафари хеш ҳамчунин аз баъзе муассисаҳои фарҳангию таълимӣ боздид ба амал оварда, дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи нимсолаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат мекунад.








Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»






