«МО БА ШАРИКИИ ҚАВИТАР МИЁНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ НИЁЗ ДОРЕМ». Изҳороти Федерика Могеринӣ ва Невен Мимитса

Июль 4, 2019 12:08

ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба АМИТ «Ховар» изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният, Муовини Раиси Комиссияи Аврупо Федерика МОГЕРИНӢ ва Комиссари Иттиҳоди Аврупо  оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва тараққиёт Невен МИМИТСА расид, ки дар он омадааст:

Дар ҷаҳони муосири хеле ба якдигар пайваста, ки дар он ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавии зичтар замина барои сулҳ ва тараққиёт ба шумор меравад, Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ чунин наздик набуданд. Манфиатҳои имконпазири ҳамкории ҳатто аз ин ҳам зичтари муштарак пеш аён набуд.

Мо шоҳиди замоне тағйироти муҳим дар Осиёи Марказӣ ҳастем. Кишварҳои Осиёи Марказӣ боз шуда истодаанд, ислоҳотро амалӣ намуда истодаанд ва ҳамкории минтақавиро миёни ҳамдигар пеш бурда истодаанд. Онҳо аз мустақилият ва ҳамвобастагӣ қавитар шуданд. Хуллас, аҳамияти сиёсии Осиёи Марказӣ ҳоло мавқеи ҷуғрофии онро ба ҳайси шарики асосии Шарқу Ғарб инъикос менамояд, гарчанде ки мушкилоти бисёр ҳам вуҷуд доранд.

Дар ин шароити нав ва мусбати сиёсӣ, Иттиҳоди Аврупо бо ҳамаи кишварҳои узви он муносибати навро дар робитаҳои худ бо Осиёи Марказӣ созмон доданд. Стратегияи нави мо ба дастгирии устуворӣ ва инкишофи минтақа равона шудааст, ки дар ҳамкории ҷории пайвастаи мо барои созмон додани ҳамкории муосири Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба нафъи шаҳрвандони мо бунёд меёбад.

Иттиҳоди Аврупо шарики табиӣ барои ин минтақа мебошад. Мо соҳиби таърихе ҳастем, ки моро аз манфиатҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо ҳамсоягони худ собит намудааст ва мо метавонем ин таҷрибаро бе бозиҳои сиёсӣ мубодила кунем.

Мо мехоҳем, ки кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ намоем то онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ бештар устувор шаванд. Мо дар инҷо таҳкими воситаҳои ахбори мустақил, боз намудани фазо барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти волоияти қонун ва идоракунии босамар, мубориза бо коррупсия ва тавсеаи имкониятҳои ҷавонон ва занонро дар назар дорем.

Мо инчунин мехоҳем дар инкишофи минтақа саҳмгузор бошем. Иттиҳоди Аврупо сарчашмаи бузургтарини сармоягузориҳои хусусӣ дар ҷаҳон мебошад ва метавонад сармоягузориҳои босифат ва калонро барои амалисозии лоиҳаҳои боҳампайвастшавии устувор дар Осиёи Марказӣ фароҳам оварад, дар сурате, ки фазои хуби соҳибкорӣ ба вуҷуд ояд. Бо ин мақсад, Иттиҳоди Аврупо дастгирии ислоҳот ва навинсозии иқтисодиёти кишварҳои минтақаро идома хоҳад дод, ки рушди бахши хусусии қавиро дар бар мегирад. Инчунин Иттиҳоди Аврупо шарики асосии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шомил шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин ду рукн Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ умедворанд ба таври зичтар барои пайвастани ду минтақаи мо корбарӣ намоянд ва инчунин робитаҳои дохилиро дар худи Осиёи Миёна тавсеа диҳанд, то ин амал ба таври устувор, озод ва дар асоси қоидаҳо роҳандозӣ шуда, имкон диҳад, ки қарздорӣ ва инфрасохтори бесифат ҷилавгирӣ карда шавад.

Ҳамин тариқ, Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Миёна шарик шуда, мушкилоти зиёдеро ҳалл карданӣ аст, ки ягон кишвар онҳоро дар танҳоӣ бартараф карда наметавонад: аз ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои обӣ, идоракунии сарҳадот сар карда, то мубориза бар зидди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир.

Пойдоршавии сулҳ дар Афғонистон як мушкилоти дигар мебошад, ки дастгирии фаъоли ҷомеаи байналмилалиро, аз ҷумла талошҳои шарикони Осиёи Марказиро тақозо мекунад. Дар ҳолатҳои зарурӣ иштироки Афғонистон дар ҷаласаҳо ва барномаҳои дахлдори минтақавӣ ва дастгирии бештари лоиҳаҳои ҳамкории минтақавӣ ва сеҷониба бо шарикон аз Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамин тариқ афзалият дар фаъолияти муштараки мо боқӣ мемонад.

Охири ҳафтаи равон Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷаласаи солонаи минтақавӣ доир менамоянд. Паёми Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи мазкур ин аст, ки ҳамкории мо ба сӯи иқтисодиёти қавӣ ва гуногунҷанба, имкониятҳои бештар барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар Аврупо, эҷоди ҷойҳои кории нав ва минтақаи барои ҳама тинҷтар метавонад манфиатҳои воқеӣ ва аслиро барои шаҳрвандони мо дар ин минтақа ва дар Иттиҳоди Аврупо фароҳам оварад. Дар ҷаҳони муосир мо ба шарикии қавитар миёни ду минтақаи мо ниёз дорем. Биёед барои расидан ба ин мақсад якҷоя кор кунем.

 

Федерика МОГЕРИНӢ,
Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид
ба сиёсати хориҷӣ ва амният,
Муовини Раиси Комиссияи Аврупо,
Невен МИМИТСА,
Комиссари Иттиҳоди Аврупо
оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва тараққиёт

Июль 4, 2019 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид
Нақши Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи дипломатияи об дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Абузабӣ таъкид гардид
Дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон мулоқот намуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии ҳуқуқи рушд баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд
Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд
Дастовардҳо ва иқтидори Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Амрико муаррифӣ гардид
Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Лаҳистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид»

Маводҳои таҳлилӣ