НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар гармхонаҳои ноҳияи Б.Ғафуров аз оғози сол 162,5 тонна сабзавот истеҳсол гардидаанд

Июль 25, 2019 15:39

ХУҶАНД, 25.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шашмоҳаи аввали соли равон шумораи гармхонаҳо 25 адад афзуда, ҳоло дар ҳудуди ноҳия 159 адад гармхонаҳо мавҷуданд. Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ин давра аз гармхонаҳои хоҷагиҳо ба миқдори 162,5 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,4 тонна зиёд мебошад.  Дар ин бора ва паҳлуҳои дигари нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Зариф Назирӣ 24 июл зимни нишасти матбуотӣ сухан гуфт.

Зимни нишаст иброз гардид, ки яке аз масъалаҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва  ба ин восита афзун намудани маҳсулоти ватанӣ робитаи зич дошта, ба он аз  ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аҳамияти хосса зоҳир мегардад, ин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида мебошад.

Аз ҷумла, давоми шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия барои обрасонӣ ва  беҳгардонии  ҳолати 214 гектар замин зиёда аз 156,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар натиҷа 173 га заминҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки аз оғози сол то имрӯз дар ноҳия дар 94,5 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Аз ин 35 гектараш боғҳои интенсивӣ буда, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида бунёд карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи 342,4 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки суръати афзоиши он ба 134,8 фоиз баробар аст.

Дар  ин давра аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия  ба маблағи 558451,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ З. Назирӣ баён дошт, ки дар ин самт дар ноҳия корҳои ташкиливу омодагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён доранд. Тибқи он сохтмони беш аз сад иншооти хурду бузург, аз қабили коргоҳҳои истеҳсолӣ, мактабу боғча, толору майдончаҳои варзишӣ, биноҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо  ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 11 майдончаи варзишӣ, 110,1 км роҳҳо таъмир ва чанд иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зикр гардид, ки баҳри ҷалби бештари сайёҳон ба ноҳия ва фароҳам овардани имконияти истироҳату фароғат моҳи марти соли равон дар минтақаи Сартӯқайи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳия  боз як мавзеъи  фароғатию истироҳатӣ- ҷазираи “Темурмалик” ба истифода дода шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз оғози сол ба ноҳия 21 880 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки ин миқдор назар ба соли гузашта бештар мебошад.

Июль 25, 2019 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард