Нуриддин Саид: 31 нафар кӯдакони аз Ироқ баргардонидашуда дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда шудаанд

Июль 19, 2019 17:20

ДУШАНБЕ, 19.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 31 нафар кӯдакони аз Ироқ баргардонидашуда дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда  шудаанд. Ин нуктаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 19 июл зимни нишасти мабуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба зикри номбурда, аз ҷониби вазорат барномаҳои мутобиқгардонӣ ташкил гардида, ба он нафароне, ки алифбои кириллиро намедонанд, дарсҳои иловагӣ дода мешаванд.

“Масъалаи таъмини ғизо, сару либос, зери назорат гирифтани вазъи саломатӣ ва барқарор намудани муносибат бо хешовандони кӯдакон зери назорат қарор доранд”,-баён дошт вазир.

Нуриддн Саид изҳор намуд, ки барои пурра ба ҳолати муқаррарӣ ва асолати миллӣ баргардонидани ин кӯдакон аз ҷониби тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 30 апрели соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 84 нафар кӯдакони тоҷик тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

 

Июль 19, 2019 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд