Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди «Себистон-Гулафшон»-ро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

Июль 12, 2019 09:04

ДУШАНБЕ, 12.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди «Себистон-Гулафшон»-ро ифтитоҳ карданд.

Роҳи мазкур дар доираи дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва мардуми ноҳияи Данғара ба тариқи ҳашар бунёд гардид.

Роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон” 21 километр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Дар доираи навсозии роҳи “Себистон-Гулафшон” корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ ба анҷом расид. Дар мавзеъҳои обгузар 9 қубури калонҳаҷми обпарто хобонда шуда, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ дар масофаи 1,7 километр иҷро гардид.

Деҳоти Оқсу аз маркази ноҳия дар масофаи 25 километр дур ҷойгир аст ва акнун бо навсозӣ роҳ чандин маротиба наздик ва вақти сафар кӯтоҳ карда шуд.

Дар корҳои навсозии роҳ даҳҳо нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозони маҳаллӣ бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Сохтмончиён дар вақти анҷоми корҳо ба масъалаи таъмини босифати он таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз техникаи муосири роҳсозӣ истифода бурданд.

Роҳи навсозишуда ҳудуди деҳаҳои Себистон, Гулафшон, Талхов ва Қули Суфиёнро дар бар мегирад ва 14 километри роҳ аз ҷониби бародарон Пировҳо пурра таъмир шуда буд.

Дар 14 деҳаи деҳоти Оқсу 3520 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудаанд ва аҳолии он 25 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад.

Қули Суфиён дуртарин деҳаи деҳоти Оқсу мебошад, ки аз маркази ноҳия дар масофаи қариб 45 километр ҷойгир аст.

Акнун аҳолии деҳаҳои деҳоти Оқсу бемамониат тамоми фасли сол аз роҳи тахту ҳамвор самаранок истифода мебаранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳи навро ба сокинони ин деҳаҳои ноҳияи Данғара муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки роҳҳо на танҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва ҳамлу нақли борҳои гуногун хизмат мекунанд. Бунёди роҳҳои нав ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара барои истиқболи сазовор аз санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 300 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аз ин миқдор аллакай қариб 80 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ҳамаи тадбирҳое, ки дар доираи эълони солҳои 2019-2021 чун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар амалӣ мешаванд, ба хотири рушди деҳот, таъмини инфрасохтори зарурӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари иҷтимоӣ барои сокинон роҳандозӣ мегардад.

Ифтитоҳи роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон” дар ноҳияи Данғара 12.07.2019

Июль 12, 2019 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд