Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ намуданд.
Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар ин деҳаи дурдасти ноҳия дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуда, ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботубхона, Қули суфиён ва Қунғуртут хизмат мерасонад.
Маркази саломатӣ ва таваллудхона бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби оилаи Ҷамиловҳо бунёд шуда, аз 22 ҳуҷра, 16 кати хоб, 1 ҳуҷраи хатна ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.
Аз рӯи лоиҳа дар Маркази саломатӣ 7 ҳуҷра ва дар таваллудхона 9 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, табибон, шикастабандӣ, муолиҷавӣ, хатна ва таваллуд бунёд шуда, ҳамаи утоқҳо барои муолиҷаи беморон, таваллуд ва нигоҳубини модару кӯдак бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки оилаи Ҷамиловҳо дар партави дастгириҳои роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии ватан ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби даромади Хоҷагии деҳқонии худ — “Шингиҳо” ва маблағи барои ҳаҷ ҷамъ намудаашон тадбирҳои ободониро дар ватан вусъат медиҳанд.
Масоҳати умумии замини Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ 1 ҳазору 775 метри мураббаъро ташкил дода, аз рӯи тарҳ роҳравҳои атрофи он сафолакпӯш ва барои табибону сокинон ҷойи мувофиқи истироҳату фароғат муҳайё карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Маркази саломатӣ ва таваллудхона ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро барои анҷоми хизмати софдилона ба аҳолии деҳот ҳидоят карданд.
Солҳои охир дар доираи таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат соҳаи тандурустӣ дар деҳот рушд карда, баҳри фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои бузурги созандагӣ амалӣ карда шуданд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорону шахсони ватандӯст назаррас ва шоистаи таҳсин аст.









Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд






