ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Июль 23, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мегӯянд, пурсидан айб нест. Ин на танҳо айб нест, балки омили рушди инсон аст. Зеро вақте инсон чунин сифатро доро нест, вай паи омӯзиш, фаҳмиш ва дарки ҳодисоти рӯзгор намешавад, паи дарёфти иттилооту маълумот намегардад ва ҷиҳати рушди донишу ҷаҳонбинии худ ҳаракат намекунад.

Инак, шумо дар бораи чизе ё касе  пурсидан мехоҳед? Марҳамат, ба мо савол диҳед, мо кӯшиш мекунем ба он посух гардонем. 

 САВОЛ: Дар сурати ошкор кардани маҳсулоти пастсифат дар мағозаву дӯконҳо ё бозор харидор бояд чӣ кор кунад, ба куҷо муроҷиат намояд?

                                             ҲАЛИМЗОДА Ойимгули Сулаймонӣ,
                                  сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 293/5

Ба ин савол муовини аввали директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар ПИРНАЗАРЗОДА   чунин посух медиҳад:

-Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Албатта, дар ин самт ҳамасола корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Агентии «Тоҷикстандарт» дар сомонаи интернетии худ  маводи гуногунро вобаста ба ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон ҷой додааст. Дар сомона низ оид ба  ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон телефонҳои  боварӣ дарҷ гардидаанд. Инчунин Агентӣ дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятиро пешниҳод намудааст. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook — fb.me/tojikstandart, дар сомонаи Instagram — www. Instagram.com/standard.tj ва рақами Viber-ии 988-50-22-22 фаъол гардидааст, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат менамоянд.

Баъд аз фаъол гардидани барнома садҳо муроҷиати шаҳрвандон доир ба риоя нашудани қоидаҳои савдо ва меъёрҳои маҳсулот, фурӯши маҳсулоти пастсифат ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамчунин аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» барномаи мобилии  «Стандарт» — барои муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳия шудааст, ки тавассути он пешниҳоди арзу шикоят тариқи онлайн имконпазир аст.

Барномаи мобилии «Стандарт» барои платформаҳои Андроид ва IOS таҳия шуда, онро  метавон дар Play Market ё дар AppStore нусхабардорӣ (баргирифт) кард.

Ба ин барнома метавон доир ба маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо арзу шикоят фиристод. Барнома бо мақсади шаффофияти муроҷиати аҳолӣ ба Агентӣ роҳандозӣ шуда, то ҳанӯз дар реҷаи озмоишӣ кор мекунад ва ба сомонаи расмии  www.standard.tj  пайваст карда шудааст.

Бо истифода аз фурсат ба истеъмолкунандагон расонданием, ки ҳангоми харид кардани молу маҳсулот ба санаи истеҳсол, ҳолати нигоҳдориву намуди зоҳирии он  таваҷҷуҳ кунанд.  Дар ҳолати мушоҳида кардани камбудии маҳсулот аз фурӯшанда  сертификати мутобиқати сифат талаб намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон овезаҳои таблиғотӣ ташкил намудааст. Дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ мунтазам варақаҳои таблиғотӣ паҳн карда мешаванд, ки муҳтавои  онҳо чунин аст:

«Истеъмолкунандагони гиромӣ, шумо ҳуқуқ доред дар ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи соҳибкорон, фурӯшандагон —  ҳангоми кам баркашидан, кам чен кардан, зиёд ҳисоб кардан ва ё фурӯши маҳсулоти пастсифату муҳлати истеъмолиаш гузашта ба Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он дар минтақаҳо, инчунин тавассути суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook fb.me/tojikstandart, дар сомонаи Instagram www.Instagram.com/standard.tj ва рақами Viber-ии 988 -50-22-22 муроҷиат намоед.

Дар чунин ҳолатҳо мутахассисони мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба шумо кумак мерасонанд.

Суроғаи мо: ш.Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2

Телефонҳо: 233-68-69, 233-51-67.

 

 

Июль 23, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд