Таъсиси меҳмонхонаҳои хурд дар заминаи манзили истиқоматии сокинони маҳаллӣ ба сайёҳон имкон медиҳад бо фарҳанг ва расму оини миллӣ аз наздик шинос шаванд,- бардошт аз Конфронс
ДУШАНБЕ, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри васеъ кардани пойгоҳи моддӣ барои будубоши сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ки ҳамчун минтақаи транзитӣ ба ВМКБ маҳсуб мешавад, таъсис додани меҳмонхонаҳои хурд дар заминаи манзили истиқоматии сокинони маҳаллӣ аз манфиат холӣ нест. Ин нукта дар Конфронси минтақавӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини амнияти сайёҳон, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баргузор гардид, зикр шуд.
Ин ҳолат ба сайёҳони хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар баробари истифодаи ҷойи хоб бо фарҳанг ва расму оини миллӣ аз наздик шинос шаванд.
Дар конфронс роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Маркази татқиқоти стратегӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, соҳибкорони маҳаллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, ҳунармандон ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат дошта, роҳҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва бехатарии сайёҳонро муҳокима намуданд.
Иштирокдорони конфронс дар Донишкадаи давлатии Данғара, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ машғул аст, омода кардани кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи бозори сайёҳиро барои таъмини хизматрасонӣ ба шумораи рў ба афзоиши сайёҳон ба мақсад мувофиқ донистанд. Ҳамчунин масъулин иброз доштанд, ки мақомоти маҳаллӣ ба беҳдошти инфрасохтори хизматрасонӣ дар атрофи иншоот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омодаи қабули меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳастанд.
Мавриди ёдоварист, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамасола бо мақсади татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ конфронсҳо ва семинарҳои омӯзиширо бо мақсади беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор менамояд.
Чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда ва дар ин замина тараққӣ додани сайёҳии дохилию байналмилалӣ дар кишвар мусоидат менамоянд.
Дар хотима атрофи мавзӯъҳои матраҳгашта миёни иштирокчиён табодули андеша сурат гирифт.
Иштирокдорони конфронс баъд аз анҷоми кори ҳамоиш аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии минтақа ва инфрасохтори навбунёди ноҳияи Данғара дидан намуданд.
Аз ҷумла, тибқи хатсайри нави сайёҳӣ ба иштирокчиёни ҳамоиш маркази хизматрасонии маишии «Файзи Карим», воқеъ дар деҳаи Ғарғараи Ҷамоати деҳоти «Корез», меҳмонхонаи сеошёна ва маркази сайёҳӣ дар ҳамин ҷамоат, дар деҳаи Пушинги Ҷамоати деҳоти Пушинг муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, ҳавзи моҳипарварии деҳаи Пушинг, майдони варзишӣ, боғи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар деҳаи Пушинг, бинои нави қасри фарҳанги ноҳия ва маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» дар ҷамоати шаҳраки Данғара муаррифӣ гардид.









Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад






