Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷанбаҳои калидии ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 7 июли соли 2019 дар шаҳри Бишкек дар чаҳорчӯби Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда зимни сафари Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон моҳи майи соли 2019 баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои равобити рӯ ба густариш миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷанбаҳои калидии иштироки Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва амниятӣ мавриди табодули назар қарор гирифтанд.








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






